Шиори мо

Муайян:

Талабот ба ҷойҳои кории заруриро муайян намуда, мутахассисони муносибро дарёфт менамоем.

Омӯзиш:

Мутахассисонро ба омӯзиш фаро мегирем. Пас аз дарёфт намудан, омӯзиш ва омодасозии касбии мутахассисонро ба роҳ мемонем. Мақсади асосии мо қаноатманд будани фармоишгар аз сифати кори пешниҳодшуда, ва аз худ итминон доштани муҳоҷирон мебошад.

Дастгирӣ:

Пас аз омодасозӣ ва фиристодани муҳоҷирон, мо омодаем24 соат/7 рӯз бо се забон ба онҳо машварат диҳем ва онҳоро дастгирӣ намоем.

Дар бораи мо

ҶДММ «АРСА» моҳи апрели соли 2021 таъсис ёфта, тибқи иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021, № МС РТ 001900 барои фаъолият оид ба таъмини шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор дар хориҷа ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор хизматрасониҳоро дар самти сафарбар ва ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия амалӣ менамояд.

Мо аллакай бо чанд ширкатҳои ба кор таъминкунии Федератсияи Россия ҳамкорӣ дорем. Дар ин муддат ба миқдори муайян муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Россия фиристодем, ки бомуваффақият кор карда истодаанд.

Ҳадафи асосии ширкат

  • сафарбар ва ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия
  • ташкили омӯзиш ва бозомӯзии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ташкили омӯзишгоҳҳои касбӣ ҷиҳати таълими муҳоҷирони меҳнатӣ
  • сертификатсия аз тарафи шарикони Федератсияи Россия оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии муҳоҷирони меҳнатӣ
  • омӯзиши забони русӣ
  • сертификат оид ба донистани забони русӣ барои гирифтани патент, иқомати муваққатӣ (РВП, ВНЖ) ва шаҳрвандии Федератсияи Россия
  • мусоидат дар гирифтани қарз аз тарафи ҶСК «Ориёнбонк»
  • мусоидат дар харидани чиптаи ҳавопаймо аз ширкати «Сомон Эйр»
  • мусоидат дар гирифтани маълумотнома дар бораи Covid – 19
  • Шарикони мо